Уроки по Joomla можно найти здесь: http://joomla25.ru/
Шаблоны Joomla 2.5 здесь: http://joomla25.ru/shablony/

 

    

        Сентябри соли 1990 дар Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) кафедраи Кимиё таъсис ёфт, ки он барои тайёр намудани мутахассисони  соҳаи саноати хўрокворӣравона карда шуда буд. Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассуси тағйиротҳои сохтори гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Кимиё ба ду кафедра: «Кимиё» ва «Технологияи саноати хўроквори» тақсим карда шуд.

         Бо қарори Шўрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Депатаменти илм ва технологияи маводи хўрока(раиси Департамент н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) таъсис ёфт, ки ба он кафедраҳои навтаъсиси «Кимиё ва Биокимиё» (мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд)   ва  «Технологияи саноати хуроквори»(мудири кафедра н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд), кафедра аз сентябри соли 2013 ҳамчун танзими техники, мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хўрока номида шуда, вазифаи мудири кафедра ба зиммаи д.и.в., профессор Розиқов Ш.Ш. гузошта шуд.

Факултети Муҳандиси-технологӣбо қарори Шўрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05. 09. 2003с. таъсис ёфт ва декани факултет номзади илмҳои техники, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. таъин шуд. Номзади илмҳои техники, и.в. дотсент Қурбонов Ф.Б. аз ноябри соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декан ва аз 01.01.2010 декани факултет таъин гардид.

       Бо мақсади ташкили ратсионалии равияи таълиму тарбия ва таъсисёбии ихтисосҳои нав, рушди мақсадноки базаи озмоишгоҳии факултет ба сохтори он кафедраҳои мазкур шомил шуданд:

1.      Кафедраи  ТТМваТИХ

2.      Кафедраи  СваТМХ

3.      Кафедра ХИМИЯ

Факултети муҳандиси-технологӣвазифаи он тайёр намудану ҳалли маҷмўи мутобиқ кардани корҳои таълими, методӣва илмии барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ихтисосҳои 1-36 09 01 - “Дастгоҳҳои технологӣва таҷҳизот”, 1-49 01 01 - “Технологияи нигоҳдорӣва коркарди маҳсулоти хоми ғизои”, 1-49 01 02 - “Технологияи нигоҳдорӣва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот”, 1-91 01 01 01 – “Технологияи истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хўроки омма” ва 1- 54 01 01 05 - “Метрология, стандарткунонӣва сертификатсия (саноати хўроквори)”